Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мақомот асноди садамаи И.Фирӯзро пинҳон медоранд"


Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-Би-Си
Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-Би-Си

Вакилони мудофеи Искандари Фирӯз ният доранд, аз болои муфаттишони садамаи нақлиётии хабарнигори Би-Би-Си ба Додситонии кул шикоят баранд.

Вакилони мудофеъ аз ҷараёни бозрасии парвандаи садамаи нақлиётии Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-Би-Си изҳори нигаронӣ мекунанд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Искандари Фирӯз, рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, як моҳ мешавад, ки онҳоро бо санадҳои тафтишоти ин парванда шинос намекунанд. Ҷаноби Зокиров меафзояд, аз 5-уми ноябр ба ин тараф борҳо вакилони мудофеъ дархост кардаанд, вале муфаттишони Вазорати умури дохилӣ бо ҳар баҳона асноди тафтишотро пинҳон медоранд.

Вакили мудофеъ мегӯяд, Нусратулло Шарифов, ки ба ҷои Аёмиддин Раҳмидинзода пайдо шуд ва ҳамчун гунаҳкори садама маҳсуб меёбад, то ҳол боздошт нашудааст ва ҳеҷ кас ӯро надидааст ва кӣ буданаш ҳам маълум нест. Фахриддин Зокиров меафзояд, вакилони мудофеъ аз рафти тафтишот бехабаранд ва намедонанд, ки он ҳамаҷониба ва мунсифона ҷараён дорад, ё на.

Вакилони мулдофеъ зикр мекунанд, ки тибқи моддаи 127-и Кодекси мурофиавӣ муфаттишони Вазорати умури дохилӣ бояд ташхиси зарари ин садама, аз ҷумла зарари молие, ки ба Искандари Фирӯз расидааст, анҷом медоданд, вале то ҳол ин иқдом сурат нагирифтааст.

Саъдулло Юнусов, муфаттиши бозрасии садамаҳои нақлиётии Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки онҳо дар рӯзҳои наздик тафтишотро пурра анҷом хоҳанд дод ва ба Додгоҳ ирсол мекунанд. Вай гуфт, телефонӣ ба вакилони мудофеи ин парванда борҳо суҳбат кардааст. Аммо Фахриддин Зокиров вакили мудофеи Искандари Фирӯз, таъкид мекунад, ки шояд беҳбуд ёфтани вазъи саломатии хабарингори Би-Би-Си муфаттишонро бепарво кардааст.

Дар зимн, Парвона Фирӯз -- хоҳари Икандар мегӯяд, ҳамаи наздикон аз якҷониба иқдом кардани тафтишот дар ташвишанд ва инҳо намедонанад, ки нисбати тарафи дигар, ронандаи «Тойота Ландкрузер», ки Нусратуло Шарифов ном мебаранд, бозрасӣ чӣ гуна идома дорад.

Парвона Фирӯз меафзояд, ки дар беморхонаи «Сино» табобати бародараш ба хубӣ идома дорад ва чанд рӯз қабл барои санҷиши вазъи равонии ӯ бо машварати пизишкон Искандари Фирӯз тавонистааст ному насаби наздикони худро беиштибоҳ ва дақиқ дар варақ рӯнавис кунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG