Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии муътадил раҳбари мухолифини Сурия шуд


Интихоби раҳбарони Эътилофи нави мухолифини режими президенти Сурия дар Қатар
Интихоби раҳбарони Эътилофи нави мухолифини режими президенти Сурия дар Қатар
Рӯзи якшанбе дар Қатар мухолифини ҳукумати Сурия эътилофи нави зидди режими президент Башор ал-Асадро ташкил дода, як рӯҳонии суннитабори муътадилро раҳбари худ интихоб карданд.
Ин рӯҳонӣ, ки Муаз ал-Хатиб ном дорад, моҳи июл аз Сурия фирор кардааст. Ӯ раҳбари Эътилофи нерӯҳои миллии инқилоби Сурия ва мухолифин интихоб шуд. Шӯрои миллии Сурия, ки намояндаи муҳими мухолифини режими Асад ба шумор меравад, мувофиқат кардааст, ки ба ин эътилоф шомил шавад. Эътилоф бо пешниҳоди соҳибкори муассир Риёз Сайф матраҳ шуда, ИМА аз он пуштибонӣ кардааст. Моҳҳои тӯлонӣ сарфи назар аз даъватҳои пайваста мухолифини режими Сурия пароканда буданд.
XS
SM
MD
LG