Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Биҳиштиро комиссиюни вижа таҳқиқ мекунад


Саттори Биҳиштӣ
Саттори Биҳиштӣ
Комиссиюни вижаи Маҷлиси Эрон сабабҳои марги блогнавис Саттори Биҳиштӣ дар маҳбасро пажуҳиш хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории расмии Эрон – ИРНА иттилоъ додааст.

Биҳиштии 35-сола рӯзи 30 октябр аз сӯи полис боздошт шуд ва дар “аъмоли алайҳи амнияти миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Facebook” айбдор мешуд. Бархе аз гурӯҳҳои мухолифин мегӯянд, ки Биҳиштӣ дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ҳадс зада мешавад, ки баъд аз боздошт ӯ чанд муддат дар маҳбаси Эвини Теҳрон буд.

Муҳаммад Ҳасан Абутуробифард, муовини раиси Маҷлиси Эрон, ба ИРНА гуфтааст, ки сабабҳои марги Саттор Биҳиштро комиссиюни бонуфузи амнияти миллӣ ва сиёсати беруна тафтиш хоҳад кард. Изҳороти Абутуробифард – нахустин вокуниши расмии Эрон ба марги то ҳол мармӯзи блогнавис мебошад.

Ба гуфтаи гурӯҳҳои мухолифини Эрон, ҷасади Биҳиштиро рӯзи 7 ноябр ба пайвандонаш доданд ва ӯ дар оромгоҳи шаҳри Работи Карим, воқеъ дар ҷануби ғарби Теҳрон, макони охират пайдо кард.

Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон рӯзи 10 ноябр изҳор намуд, ки мақомоти Эрон бояд сабабҳои марги мармузу машкуки Биҳиштиро дар маҳбас пурра тафтиш кунад. Вазорати умури хориҷии Амрико марги Биҳиштиро куштор номид ва хостори пажуҳиши мӯшикофонаи он шуд.
XS
SM
MD
LG