Низомиёни исроилӣ бори аввал дар тақрибан 40 соли ахир сӯи қаламрави Сурия оташ кушоданд. Дар изҳороти артиши Исроил гуфта шудааст, ки ин оташ як ҳушдор ва вокуниш ба тирандозӣ аз марзи Сурия сӯи пойгоҳи низомии исроилӣ дар теппаҳои Голан буд. Ин теппаҳоро Исроил ғасб кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи тирборон аз сӯи низомиёни Сурия пойгоҳи низомии Исроил набуд – онҳо аз минометҳо ба мавқеъҳои ошӯбгарон дар ҷануби кишвар оташ кушоданд.
Ҷониби Исроилу Сурия дар бораи қурбониён ё осебдидагон дар ин моҷарои марзӣ хабар надодаанд.