Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидон дар танҳоӣ амал кардани Бэйлзро тайид намуданд


Роберт Бэйлз (аз чап)
Роберт Бэйлз (аз чап)
Дар додгоҳи Такомаи Вошингтон, дар мурофиаи сержанти собиқи амрикоӣ Роберт Бэйлз, ки дар куштори 16 сокини осоиштаи афғон айбдор мешавад, ахиран шоҳидон - сокинони ду деҳаи вилояти Қандаҳор шаҳодат доданд. Пурсуҷӯи онҳо аз тариқи робитаи моҳвораӣ сурат гирифт.

Рӯзи шанбе се навраси афғон, ки пайвандонашон аз дасти низомии амрикоӣ кушта шудаанд, дар бораи чӣ гуна вориди манзил шудану оташ кушодани Роберт Бэйлз ҳарф заданд. Онҳо ва дигар шоҳидон таъкид карданд, ки Бэйлз дар танҳоӣ сӯи одамон тир мекушод.

Фоҷиа моҳи марти соли равон рӯй дод. Бэйлз, ки ангезаи амалаш ҳанӯз маълум нест, баъд аз куштори 16 сокини ду деҳаи волусволии Панҷвайии Қандаҳор боздошт шуд ва ба ИМА интиқол ёфт. Ба сержанти собиқ ҳукми қатл таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG