Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Петреус Амрикоро нерӯмандтар ва амнтар кард


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва аъзои Конгресс – намояндагони ҳарду ҳизби асосии кишвар, ба фаъолияти генерал Дэвид Петреус, ки ахиран аз мақоми раиси Хадамоти марказии кашфи Амрико ба истеъфо рафт, баҳои баланд доданд. Дар изҳороти Обама гуфта шудааст, ки "Петреус чанд даҳсола ба ватанаш хизмат кард ва дар нерӯмандтару амнтар шудани он саҳм гирифт".

Дэвид Петреус бар асари робитаи номашрӯъи марҳамона мақомашро тарк намуд. Ӯ моҳи сентябри соли гузашта раиси СРУ, Хадамоти марказии кашфи ИМА, таъин шуд, аз ин пеш фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дошт.

Расонаҳои амрикоӣ ному насаби маъшуқаи Петреусро ошкор карданд - Паула Броадвелл, муаллифи китоб дар бораи тарҷумаи ҳоли генерал Петреус мебошад.

Ахиран Бюрои федеролии тафтишоти Амрико тафтиши почтаи электронии раиси пешини СРУ-ро шурӯъ кард, зеро хабар ёфт, ки хонум Броадвелл ба ин почта ва ба баъзе номаҳои комилан махфӣ дастрасӣ дошт.

Майкл Моррелл муваққатан раҳбари Хадамоти марказии кашфи Амрико таъин шуд.
XS
SM
MD
LG