Дигарандеши маъруф Ҷорҷ Сабра ба Шӯрои миллии Сурия роҳбарӣ хоҳад кард. Сабра, ки масеҳист, рӯзи ҷумъа дар нишасти мухолифини Сурия дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, раҳбари шӯро интихоб шуд. Дар нахустин суханронӣ баъд аз интихоб шуданаш Сабра изҳор намуд, ки мухолифин барои мубориза бо режими Башор Асад ба силоҳ зарурат доранд.
Қарор аст, ки имрӯз Шӯрои миллии Сурия барои муттаҳидшавӣ бо дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад музокирот кунад.
Шӯрои миллии Сурия, ки бештари аъзои он берун аз Сурия ба сар мебаранд, рӯзҳои ахир барои фаъолияти бесамар мавриди интиқоди ҷомеъаи байнулмилалӣ, аз ҷумла, ИМА, қарор дошт.