Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷа барои ниругоҳи Роғун афзоиш меёбад


Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон дар соли 2013 барои Роғун як миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молияи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа пас аз баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2013» дар Кумитаи иқтисод ва таҳияи буҷаи Маҷлиси Намояндагон, гуфт, ки ин маблағ дар муқоиса бо соли сипаришаванда, қариб 100 миллион сомонӣ бештар аст.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, аз ҳамаи маблағҳои ба нерӯгоҳи "Роғун" ҷудошуда дар соли ҷорӣ, 25 дарсадаш масраф нашудааст.

Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун", ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва Тоҷикистонро аз як кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG