Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон мегӯяд, Ошурмамад Ошурмамадов, афсари Оҷонсии назорати нашъаовар ҳангоми хариду фурӯши ёқут ба даст афтод.
Ошурмамадов дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти вилоят дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ боздошт шудааст.
Худи боздоштшуда, ки дирӯз дар телевизиони маҳалӣ сӯҳбат мекард, гуфт, вай ба манзури пурзӯр намудани марз ба гузаргоҳи марзии Қулма сафарбар шуда, дар он аз ҷо аз афсари Гвардияи миллӣ Тоҷибоев ду дона санги гаронбаҳои ёқутро дарёфт кардааст.
Бинобар бад будани шароити иҷтимоӣ, ин сангҳоро гирифта, барои фурӯш ба Хоруғ овардааст, аммо ин корманди Гвардияи миллӣ пайдо шуда хостааст, ки сангҳои додаашро ба маблағи 700 доллар худаш харидорӣ кунад. Аммо ҳангоми фурӯши сангҳои гаронбаҳо ба ин шахс, кормандони амният онҳоро боздошт карданд.
Раёсати амният мегӯяд, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба додситонии вилоят фиристода шудааст.
Қаблан як сокини ноҳияи Ишкошим дар бозори марзиии ноҳия бо иттиҳоми хариду фурӯши сангҳои гаронбаҳо даз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ дар Бадахшон боздошт гардид. Аммо «на ҳар санги Бадахшон лаъл гардад» ва чун ташхис маълум кардааст, ки сангҳои мусодирашуда қимати ночиз доранд, ин шаҳрванд пас аз чанд рӯз раҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол чанде қабл кормандони Раёсати амният дар Хоруғ як афсари вазорати дохиларо бо иттиҳоми хариду фурӯши туфангчаи Макаров дастгир карданд. Харидор дар ин муомилоти ғайриқонунӣ як афсари як марзбон буд, ки қаблан мақомоти дохила вайро ба қаллобӣ муттаҳам мекарданд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!