Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай Шӯрои Амниятро "ғайридемократӣ" медонад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи панҷшанбе сохтори Шӯрои Амнияти Созмони Милалро интиқод кард ва онро "ғайридемократӣ” хонд. Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Индонезия, ки масоили демократия дар он баррасӣ мешавад, Ҳомиди Карзай гуфт, Шӯрои Амният, аз панҷ узви доимӣ иборат аст, ки “намояндаи ҳамаи кишварҳо нестанд.” Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, низ бо интиқоди Шӯрои Амният, беамалии он дар робита ба бӯҳрони Сурияро зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, танҳо аз панҷ узви доимӣ иборат будани Шӯрои Амният бад ин маъност, ки “сарнавишти тамоми инсоният ба дасти онҳост”. Нахуствазири Туркия афзуд, ихтилофи назари аъзои Шӯрои Амният дар мавриди бӯҳрони Сурия, “режими ин кишварр ба қатли мардумаш ташвиқ кардааст.” Чину Русия ду узви доимии Шӯрои Амният, монеъи қабули қатъномаҳои ин шӯро барои ҳалли муноқишаи Сурия шудаанд.
XS
SM
MD
LG