Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад ба ҳамлаи кишварҳои ғарбӣ бовар надорад


Эътирози мухолифини режими Башор ал-Асад дар минтақаи Идлиби Сурия
Эътирози мухолифини режими Башор ал-Асад дар минтақаи Идлиби Сурия
Президенти Сурия Башор ал-Асад гуфтааст, ки ба фикри ӯ мамолики ғарбӣ ба Сурия дахолати низомӣ ё худ интервентсия раҳандозӣ нахоҳанд кард. Дар сӯҳбат бо телевизиони арабзабони Русия Асад гуфтааст, ки қимати ин таҷовузи хориҷӣ чунон баланд хоҳад буд, ки олам қудрати бардошти онро надорад.
Ҳамчунон Асад гуфтааст, ки ӯ бояд дар Сурия зиста, дар ҳамин кишвар вафот кунад. Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои мухолифи режими Асад дар чорчӯби Шӯрои миллии Сурия дар Қатар ҷамъ омада, 40 узви шӯрои умумиро интихоб намуданд, ки дар он аз се як ҳиссаро исломиҳо ва аз ҷумла камаш 5 пайрави ҷунбиши Ихвонулмуслимин ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG