Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар бозорҳои мо рақобати бевиҷдонона вуҷуд дорад"


Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон
Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон

Абдуқодир Муҳаммадиев гуфт, "рақобати бевиҷдонона"-е дар бозори Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки бояд аз он ҷилавгирӣ шавад.

Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Додситонии кул дар бораи аз 50 ба 35 %-и ҳаҷми умумии бозор коҳиш додани саҳми ширкатҳои монополиро пуштибонӣ кард. Мунаввара Кенҷаева, узви Маҷлиси намояндагон дар муаррифии тағйироти қонун "Дар бораи маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои дохилӣ", гуфт, тағйироту иловаҳоро тасмими саривақтӣ ва зарурӣ унвон кард.

Ӯ гуфт, "ҳамаи кумитаҳои дахлдор онро пурра ҷонибдорӣ мекунанд ва аз вакилон хоҳиш мешавад, ки ба он овоз диҳанд."
Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини Додситони кулли Тоҷикистон, ҳам дар шарҳи ин тағйирот гуфт, қаблан ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон ба содирот ва воридоти мол машғул мешуданд, новобаста аз навъи мол танҳо бо касби беш аз 50 фоизи ҳаҷми умумии бозор ба феҳристи субъектҳои ҳукмфармо ворид мешуданд.

Ин вазъ, ба гуфтаи ӯ, мӯҷиб ё сабаби боло рафтани қимати амвол дар бозорҳо шудааст. "Акнун тибқи лоиҳаи нави қонун он субъектҳое, ки аз 35 фоиз зиёд мол ворид мекунанд, ба ин феҳрист дохил мешаванд. Мақсад чист? Мақсад зиёд шудани рақобат дар бозори истеъмолӣ аст. Пештар баъзе субъектҳое буданд, ки аз 51-52 фоиз зиёд мол ворид мекарданд, дигар субъектҳо ин имкониятро надоштанд",-илова кард ӯ.

Тағйирот ба қонун "Дар бораи маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои дохилӣ" дар ҳолест, ки музокироти Тоҷикистону Русия дар бораи интиқоли маводи нафтӣ ба натиҷае нарасидааст. Иддае коршиносон бар инанд, ки далели ҳамчунин тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон маҳз баҳсҳои ҳалношуда дар ин музокирот ҳастанд, зеро то имрӯз ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон"-и Русия -- монополисти бозори маводи нафтии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ширкат, бино ба иттилои расмӣ, беш аз 50 ва бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди 80 дарсади бозори маводи нафтии Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Як корманди ширкати фурӯшандаи маводи нафтӣ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои тоҷикӣ маводи нафтиро аз Русия кам ворид карда, бештар аз "Газпромнефт» яклухт мехаранду ба бозор мебароранд. Мақомот тафсилоти мухолифатҳо дар музокироти Тоҷикистону Русия бар сари фурӯши маводи нафтиро ошкор намекунанд, аммо коршинос Саймуддин Дӯстов мегӯяд, бидуни шак, яке аз баҳсҳо тақсими бозор аст.

Ӯ мегӯяд, ҳоло ҷонибҳо инро ҳам баҳс мекунанд, ки 1 миллион тонна маводи нафтии барои Тоҷикистон аз сӯи Русия ҷудошударо чӣ тавр байни худ тақсим кунанд: "Барои русҳо лозим аст, ки ширкатҳои муайян ин ҳаҷмро ворид кунанд. Ин ҷо бармало аст, ки мушкил дар механизми амалӣ кардани тавофуқнома байни Русияву Тоҷикистон аст."

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Дар ҳамин ҳол, Абдуқодир Муҳаммадиев мегӯяд, тағйирот дар қонуни зидди монополияҳо воридоти молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва озуқаро дарбар мегирад ва ба хотири боз кардани дасти соҳибкорони ватанист. Вай бидуни шарҳу тафсир гуфт, як «рақобати бевиҷдонона»-е дар бозори Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки бояд аз он ҷилавгирӣ шавад. Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз пешниҳоди рӯйхати ширкатҳои монополист дар кишвар худдорӣ кард, аммо коршиносон мегӯянд, соҳаҳои инҳисории тиҷорати кишвар танҳо бо маводи нафтӣ маҳдуд намешавад.

Ба қавли Давлатмурод Ҷумъаев, корманди собиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, мегӯяд, тағйироте, ки ворид шуд, танҳо ҳиссаи монополистро коҳиш медиҳад ва ин дар ҳолест, ки дар асл бозорҳо фақат дар зоҳир миёни чанд ширкат, аммо дар асл таҳти назорати ҳамагӣ чанд нафар уфтодаанд: "Аз бозорҳое мисол меорем, ки ҳар рӯз худи мо харид мекунем. Бубинед, картошка як нарх дорад, пиёз як нарх, орд як нарх, аммо фурӯшандагон 100 нафар. 100 нафар фурӯшанда бо як нарх мефурӯшад. Ё бензинро мегирем. Дар Душанбе агар 6 сомониву 50 дирам аст, дар Кӯлоб ҳам чунин аст ва дар Регару Хуҷанд шояд панҷ - шаш дирам фарқ мекунад, дар кул дар тамоми Тоҷикистон нарх як хел аст. Ин ҷо суол ба миён меояд, ки чаро воридкунанда мухталиф асту нарх як хел?"

Коршиносон мегӯянд, тағйироти ахир ба қонун "Дар бораи маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои дохилӣ" шояд аз супоришҳои худи ширкатҳои монополист бошад, ки акнун мехоҳанд бозорро бо чанд ном, аммо аз як манбаъ идора кунанд. Ба қавли онҳо, ин қонун замоне такмил мешавад, ки дақиқан забоняккунии ширкатҳои монополист ошкор ва муҷозот шавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG