Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи раҳбарони ҷаҳон аз пирӯзии Обама


Раҳбарони бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз пирӯзии Барак Обама, раиси ҷумҳури ҷумҳури Амрико дар интихобот истиқбол карданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме Барак Обамаро табрик гуфта ва аз ӯ хостааст, ҳарчӣ зудтар барои хотима додан ба ҷанг дар Сурия ва эҳёси музокироти сулҳи Ховари Миёна даст ба кор шавад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, интизори ҳамкорӣ бо Барак Обама барои ба эътидол овардани ҳамкориҳои байни Аврупо ва Амрико аст. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё гуфт:" Мехоҳам Барак Обамаро барои интихоби дуборааш табрик бигуям. Ман воқеан аз ҳамкориҳо бо ӯ тайи чанд соли ахир бисёр лаззат бурдаам ва интизор дорам, ки бо ӯ чаҳор соли оянда низ ҳамкорӣ мекунем." Барак Обама рӯзи сешанбе дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бо касби аксарияти оро Митт Ромни рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳро шикаст дод ва як барои чаҳор соли дигар раиси ҷумҳури Амрико мемонад.
XS
SM
MD
LG