Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ баҳси шиканҷа дар Тоҷикистонро идома медиҳад


Намояндагони Созмони Милал имрӯз дар шаҳри Женева ба баррасии иқдомоти Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷа идома медиҳанд. Дар нишасти Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа имрӯз мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҷумла Шерхон Салимов додситони кулл ба суолҳо дар бораи бадрафтории маъмурони интизомӣ нисбат ба боздоштшудагону зиндониён ва мавҷудияти дигар аъмоли ғайриинсонӣ дар кишвар посух хоҳад дод. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки азияту боздоштшудагон дар байни маъмурони интизомӣ мисли як одат шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон барои маҳви ин зуҳурот саъйи кофӣ ба харҷ намедиҳад.
XS
SM
MD
LG