Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав марде дпар ҳолати мастӣ 5 нафарро ба қатл расонд


Як марди 30 сола дар Русия рӯзи чаҳоршанбе 5 ҳамкори худро дар ҳолати мастӣ ҳадафи тир қарор дод. Ин мард, ки аз вай Дмитрий Виноградов ном мебаранд, зери болопӯши худ ду силоҳи нима-автоматӣ пинҳон карда будааст ва 2 зану 3 мардро ба қатл расондааст.

Пулиси Маскав мегӯяд, Виноградовро дӯстдухтараш тарк кардааст ва вай аз ғазаб ба шаробнӯшӣ сар кардааст. Ин духтар як ҷо бо вай дар дорухона кор мекардааст. Аммо маълум нест, ки дар миёни кушташудагон ин духтар ҳам ҳаст ё на.
XS
SM
MD
LG