Бачо Ахалия вазири собиқи умури дохилии Гурҷистон бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом боздошт шудааст. Вакили дифоъаш гуфт, ки додситонҳо вазири собиқро рӯзи сешанбе се соат дар “мавриди рафтори номуносиб бо баъзе аз афрод” бозпурсӣ кардаанд. Бачо Ахалия дар боздоштгоҳ мемонад. Ӯ моҳи сентябр баъди нашри видеое дар интернет истеъфо дод, ки нишон медод, посбонони зиндоне, бо зиндониён бераҳмиву бадрафторӣ мекунанд. Посбоне, ки видеоро ба берун оварда буд, гуфтааст, Бачо Ахалия дар ин корҳо даст доштааст. Ӯ, ки аз муттаҳидони наздики раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ аст, баъди интихоботи порлумонии якуми октябр Гурҷистонро тарк кард вале рӯзи душанбе баргашт ва гуфт, омода аст, ба иттиҳомоти “аҳмақонаву бемаънӣ” ҷавоб гӯяд.