Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони Кӯлобу Бадахшонро ба Қумсангир бурданд


Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир
Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир

Ҳукумати ноҳияи Қумсангир муваффақ шудаст, 140 омӯзгорро аз навоҳии Кӯлобу Бадахшон ба макотиби деҳоташ ҷалб намояд.

Ҳукумати ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон барои ҳалли мушкили норасоии омӯзгорон, ба ҷалби 140 омӯзгори нав аз минтақаи Кӯлоб ва вилояти Бадахшон муваффақ шудааст. Барои ҳавасмандӣ масъулини ноҳия ба ҳар яке аз ин омӯзгорони муҳоҷир ихтисоси қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ва кӯмакҳои иҷтимоӣ ваъда кардаанд.

Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки омӯзгорони нав асосан барои кор дар мактабҳои деҳот даъват шудаанд, зеро сатҳу сифати таълим дар рустоҳо беҳбуд мехоҳад. Вай афзуд, ба хотири таъмини иҷтимоии омӯзгорони муҳоҷир дар баробари ихтисоси қитъаи замин барои манзил, ба онҳо ҳамчунин шароити кори кишоварзӣ низ муҳайё мешавад: «Барои омӯзгорони нав имтиёзҳо хоҳем дод. Барои омӯзгороне, ки дар деҳот кор мекунанд, 10-12 ҳисса замин барои кишт дода мешавад. Аммо дар ин замин на худи омӯзгор, балки деҳқонони касбӣ гандум, полезӣ ё дигар маҳсулоти мавриди ниёзи омӯзгорро кишту парвариш мекунад ва ҳосилашро ба муаллим медиҳанд. Ба ин восита, маводи ғизоии хонаводаи омӯзгори муҳоҷир таъмин шуда, маошашро барои дигар зарурати рӯзгораш сарф мекунад. Ин усули хуби мусоидат барои мутобиқ кардани хонаводаи омӯзгори муҳоҷир ба шароити деҳот ва таъмини шароит барои ҳамзистии омӯзгорон бо аҳолии маҳаллӣ мебошад» - зикр кард Х. Раҳмонов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷаҳонгир, омӯзгори 27-сола аз ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, тайи се соли охир дар яке аз мактабҳои деҳоти ноҳия ба таълими шогирдон машғул аст, аммо ҳукумати маҳаллӣ муроҷиатҳои батакрори ӯро ҷиҳати дарёфти қитъаи замин барои бунёди манзил нодида мегирад. Вай афзуд, ҳукумати маҳаллӣ бештар зоҳирпарастӣ карда, мактабу синфхонаҳо месозад, аммо талошҳояш барои беҳбуд бахшидан ба рӯзгори омӯзгорон нокофист.

Коршиноси маҳаллӣ Неъматулло Маҳмадсаидов бар ин назар аст, ки тадбирҳои мақомоти давлат барои таъмини ҷавонон бо шуғл, аз ҷумла ҳавасмандсозиашон ба кори омӯзгорӣ чандон муассир нест: «Мутаассифона, барномаҳои вижаи давлатӣ қабул шуда бошанд ҳам, ё мавриди иҷро қарор намегиранд ё мақомот хеле беҳавсалагӣ нишон медиҳанд дар татбиқи он. Ҳар сол ҳазорон толибилм мактабҳои миёна ва садҳо донишҷӯ мактабҳои олиро хатм мекунанд, аммо онҳо чӣ бояд кунанд? Куҷост шуғли мувофиқ барояшон? Дастгирии оилаҳои ҷавон, мутахассисону омӯзгорон аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ хеле заиф аст.»

Ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, дар 200-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, дар марз бо шимоли Афғонистон воқеъ буда, мактабҳояш бо камбуди омӯзгорон мувоҷеҳ аст. Имсол дар ин ноҳия наздики 20 мактаб ё синфхонаҳои нав бунёд гардида, норасоии дастикам 70 омӯзгори дигар эҳсос мешавад.

Нуриддин Тағоев, масъули бахши кадрҳои шӯъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, то ҳанӯз беш аз 80 нафари омӯзгорони муҳоҷиршуда аз Кӯлобу Бадахшон соҳиби қитъаҳои замин шуда, ба кори омӯзгорӣ дар мактабҳои деҳот шуруъ кардаанд. Вай афзуд: «Барои омӯзгорони хоҳишманд ҳамчунин маблағҳои қарзии боимтиёз, яъне бефоиз, ироа мешавад, ки метавонанд дар баробари омӯзгориашон, кори кишоварзӣ ё соҳибкорӣ низ кунанд. Ё метавонанд ин маблағро барои сохтани манзил истифода бурда, то панҷ соли оянда баргардонанд.»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG