Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Мо бо Вашингтон музокироти махфӣ надорем


 Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, Маскав ва Вашингтон ҳеҷ гуна музокироти махфӣ дар бораи тағйири режими Сурия ва сарнавишти минбаъдаи президенти ин кишвар Башор ал-Асадро пеш набурдаанд. Лавров бо ҳадафи рафъи низои Сурия ба Қоҳира сафар кардааст. Ба гуфти вазири корҳои хориҷиии Русия ин кишвар бар пояи Эъломияи Женева саъй дорад, дар ташкили ҳукумати давраи гузариш саҳм гирад. Лавров кишварҳои ғарбиро бо
дастгирии мухолифини Сурия муттаҳам карда, афзуд, ки ин амал ҳалли низоъро ба таъхир мекашад. Дар ҳоле, ки Лавров ба Миср рафтааст, мухолифини ҳукумати Башор ал-Асад дар Қатар ҷамъ шудаанд, то як ҷабҳаи муштарак бар зидди режими Сурияро ташкил намоянд.
XS
SM
MD
LG