Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидони марги Ҳамзаро ба Хуҷанд интиқол доданд?


Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, шоҳидони марги ӯро аз зиндони рақами 1-и Душанбе ба Хуҷанд интиқол додаанд.

Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар нимаи аввали рӯзи 5-уми ноябр як гурӯҳи маҳбусонро ба зиндони Хуҷанд интиқол дод, ки дар миёни онҳо шоҳидони марги Ҳамза Икромзода низ будаанд.

Ӯ мегӯяд, Муллоазиз Бобоазизов, Қайс Шарифов, Тоҷиддин Ризоев ва чанд нафари дигар, ки дар руйхати шоҳидони марги Ҳамза Икромзода дохил мешуданд, ҳамроҳи дигар зиндониҳо, ба шаҳри Хуҷанд фиристода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ин маҳбусон собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Садриддин Тошев низ ба Хуҷанд фиристода шудааст.

Аммо Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат, субҳи имрӯз 20 нафар аз зиндониёни маҳбаси рақами аввал ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд ва ин амал аз рӯи нақшаи доимамалкунанда, ки аз тарафи маъмурият анҷом дода мешавад, сурат гирифтааст.

Ба иттилои ин манбаъ, аз ин қабл як гурӯҳи зиндониёни маҳбаси шаҳри Хуҷанд бо боз шудани туннели "Шаҳристон" ба маҳбасҳои маркази ҷумҳурӣ интиқол дода шуданд. Ин манбаъ афзуд, қаблан ҷониби Узбакистон тавассути роҳи оҳан ба Душанбе ва ё аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд интиқол додани "конвой" монеа эҷод мекард.

Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ҳадафи ба Хуҷанд интиқол додани маҳбусҳоро, ки гӯиё махсус барои шоҳидони Ҳамза Икромзода сурат гирифта бошад, беасос шуморид.

Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта Икромиддин Қараев, муфаттиши парвандаи Ҳамза Икромзода вориди маҳбас шуда буд ва бо гуруҳи шоҳидон, бо шумули Рафаэл Мақсудов ҳудуди панҷ соат сӯҳбат кард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG