Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боронгариҳои ду рӯзи ахири Тоҷикистон беталафот будааст


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, давоми ду рӯзи охир, ки дар бисёри минтақаҳои кишвар боронгарӣ ва тунбоди сахт сурат гирифт, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Наргис Нурова, корманди дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт раъду барқ ва тундбоди шаддид инчунин ба хоҷагиҳои кишвар низ зарари ҷиддӣ ворид накардааст. Наргис Нурова афзуд, дар кӯчаи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳри Хуҷанд тундбод боми ду манзили сокинонро пурра вайрон карда ва ҳанӯз зарари молии онҳо мушаххас нашудааст. Идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон пешбинӣ карда буд, ки рӯзҳои 3 ва 4-уми ноябр дар минтақаҳои Тоҷикистон шамолхезии шадид ва боронгарию барфрезиҳо дар назар аст.
XS
SM
MD
LG