Эндрю Куомо, губернатори аёлати Ню Йорк, мегӯяд, бо поён омадани ҳарорат ва сардтар шудани ҳаво, даҳҳо ҳазор нафар ба паноҳгоҳҳои муваққатӣ мӯҳтоҷ хоҳанд шуд, зеро хонаҳояшон бо нерӯи барқ таъмин намешавад. Аёлати мазкур ҳанӯз ҳам бо паёмадҳои тӯфони вайронгари Сенди дасту панҷа нарм мекунад. Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк гуфт, ки ғолибан аз 30 то 40 ҳазор нафар аз сокинони ин шаҳр ба сарпаноҳи муваққатӣ мӯҳтоҷ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Майкл Блумберг ҳавои сард, яке аз бузургтарин монеаҳо дар роҳи рафъи паёмадҳои тӯфон дар Ню Йорк шудааст. Туфони Сенди ҳафтаи гузашта бо бедодгарӣ дар Амрико 111 нафар, аз ҷумла 41 танро дар шаҳри Ню Йорк ҳалок кард. Даҳҳо ҳазор нафар дар навоҳии шимолушарқии Амрико бесарпаноҳ ё бе обу барқу нақлиёт мондаанд.