Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шанси баробари Обама ва Ромнӣ дар интихоботи Амрико


Дар акс: Номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Амрико -- Митт Ромнӣ ва Барак Обама

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Барак Обама ва Митт Ромнӣ дар интихоботи Амрико аз шанси баробар бархӯрдоранд.

Назарсанҷиҳои ахир баёнгари онанд, ки Барак Обама, номзади Ҳизби демократ ва Митт Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳон, барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико шанси баробар доранд. Ин дар ҳолест, то замони баргузории интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монда ва номзадҳо фаъолияти таблиғотияшонро дучанд кардаанд.

Номзадҳо ва харитаи муборизаи интихоботии Амрико дар ин ҷост

Охирин назарсанҷии телевизони АВС ва рӯзномаи "Вашингтон Пост", ки рӯзи якшанбе чоп шуд, ҳокист, ҳатто овозҳои мустақил, ки метавонанд ҳар кадом аз ин ду номзадро ба пирӯзӣ расонанд, тақсим шудаанд. Бар пояи ин назарсанҷӣ, Обама ва Ромнӣ 49 дарсадӣ аз орои ин гурӯҳи интихобкунандагонро касб кардаанд.

Аммо дар ҳоле Обама дорои маҳбубияте бо шаш дарсад дар миён занон аст, ин нарх дар миёни мардон ҳафт дарсад ба суди Митт Ромнист. Таври маълум, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида на бо раъйи аҳолӣ, балки аз тарафи аъзои ҳайати машваратӣ интихоб мешавад. Номзаде ғолиб дониста мешавад, ки камаш 270 раъйи аъзои ҳайатҳои интихоботиро ба даст орад. Шумораи раъйҳои ҳар аёлат ба теъдоди аҳолии он вобастааст.

То интихоботи Амрико ду рӯзи дигар монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG