Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ханс Алтер бо Убайдуллоев ва Кабирӣ мулоқот намудаст


Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа, 2-юми ноябр бо пешниҳоди раиси Палатаи болоии Порлумони Шветсария Ҳанс Алтер мулоқоти ӯ бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ баргузор шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд ин мулоқот дар барномаи қаблан тарҳрезишудаи сафари раиси Палатаи болоии Порлумони Шветсария ҷой надошт. Тавре ҷаноби Сайфуллозода меафзояд бо вуҷуд бо пешинҳоди ҷаноби Алтер ин мулоқот дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт баргузор гардида, зимни он Муҳиддин Кабирӣ бо Ҳанс Алтер роҷеъ ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Гулноза Ҳасанова масъули Дафтари барномаи Шветсария дар Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳанс Алтер бо сафари ду руза дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар нимаи рӯзи 2-юми ноябр бо раиси Маҷлиси милии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот кардааст.

Шавкат Саидов, сухангуи Маҷлиси миллӣ мегӯяд, ки дар ин мулоқот имконоти тавсеаи ҳамории порлумонҳои ду кишвар матраҳ шуд ва аз ҷумла ҷаноби Убайдуллоев таъкид кардааст ҷониби Шветсария метавонад дар амри пешрафти иқтисодӣ ва саёҳии Тоҷикистон саҳм гирад.

Ҳамчунин Ҳанс Алтер бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот намуда роҳҳои густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Шветсарияро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG