Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як салоҳияти раиси ҷумҳури Гурҷистонро мегиранд


Дар Гурҷистон тарҳи қонунеро таҳия мекунанд, ки ба ҳукумат иҷоза медиҳад, ки раисони вилоятҳоро таъйин намояд. Чунин салоҳиятро ҳоло танҳо раиси ҷумҳури Гурҷистон дорад. Давид Нарманиа, вазири рушди манотиқ ва зербунёдҳо гуфт, барои ислоҳи қонун бораи ин салоҳият, ҳеҷ зарурате ба ворид кардани тағйир дар Қонуни Асосӣ вуҷуд надорад ва тарҳи мазкур барои баррасӣ ба порлумон фиристода хоҳад шуд. Ба гуфтаи Давид Нармания, раисони вилоятҳо ҳукуматро намояндагӣ мекунанд, аз ин рӯ набояд аз тарафи раиси ҷумҳури Гурҷистон таъйин шаванд. Дар интихоботи моҳи гузаштаи порлумонӣ, Ҳаракати Ваҳдати Миллии раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ аз эҳтилофи Ормони Гурҷистон ба раҳбарии нахуствазир Бидзина Иванишвилӣ шикаст хӯрд ва ҳаққи таъсиси ҳукуматро аз даст дод.
XS
SM
MD
LG