Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветеранҳои ҷанги Афғонистон мехоҳанд зуд бознишаста шаванд


Иштирокчиёни ҷанги Афғонистон дар Тоҷикистон, хостори кам кардани синну соли бознишастагӣ ҳастанд.

Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст ба порлумони кишвар пешниҳод намояд, ки ба қонун «Дар бораи собиқадорони ҷанг» тағйирот ворид карда, синни нафақаи иштиркочиёни ҷанги Афғонистонро ба 55 сол поин баранд.

Валӣ Саёрабеков, муовини раиси Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Қирғизистони ҳамсоя парлумон масъалаи кам кардани синни нафақаи собиқадорони ҷанги Афғонистонро ба баррасӣ гирифтаст. Дар ин кишвар синни нафақа барои мардон 55 сол ва занон 48 сол пешинҳод карда шудааст.

Валӣ Саёрабеков мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар Қирғизизистон ҳудуди 6 ҳазор ва дар Тоҷикистон 9 ҳазору 500 нафар собиқадорони ҷанги Афғонистон, бо шумули 12 зан ба сар мебаранд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон синни бознишастагӣ барои мардон 63 сол муайян шудаст.

Ҷанги Афғонистон ва ҳузури теъдоди чашмгири тоҷикон ба баҳонаи ин ҷанг дар он кишвар, ҳамчунон осори чашмгире дар Тоҷикистон аз худ ба мерос дорад. Як теъдоди фаровони сарбозоне, ки дар ҳайати Артиши Шӯравӣ дар он кишвар хидмат карданд ва ин ҷанг мисли ҳар ҷанге барои онҳо гарон тамом шуда ва осори равонии он дар ин сарбозон ҳамчунон боқист. Ин ҷанг ҷони садҳо ҷавони тоҷикро гирифт ва ё бо пову дасти бурида боқӣ гузошт. Ҳоло ин сарбозони ҷанги Афғонистон бо дасту пойи бурида ва ё бо рӯҳи ҷароҳатдор шоҳиди як хуруҷи дигари таърихӣ аз ин кишваранд.

Афғонистон барои ҷомеаи тоҷики таҳти султаи Шӯравӣ нахустин равзана ба ҷаҳони берун шуд. То соли 1979 ҳам тоҷикони зиёде ба Афғонистон сафари хидматӣ мекарданд, аммо оғози ҷанги Шӯравӣ бо муҷоҳиддин боис шуд, ки тоҷикони бештаре ба ин кишвар сафар кунанд.

Тоҷикҳо ба Афғонистон дар даҳаи ҳаштод умдатан барои ҷангидан алайҳи нерӯҳои муҷоҳидин мерафтанд. Аммо умдатан бо алоқа ва муҳаббат ба Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи муҷоҳидин, ба Ватан баргаштанд ва ангезаи ин муҳаббатро дар Тоҷикистон низ коштанд. То ҷое, ки шахсияти дигаре то кунун мизони маҳбубияти Масъудро натавонистааст орзу кунад.

ҲАМОИШИ ҶАНГОВАРОНИ ИНТЕРНАТСИОНАЛИСТ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Ҳамоиши ҷанговарони интернатсионалист дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG