Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни "Сэнди" беш аз 80 нафар аст


Бар асари тӯфони "Сэнди" дар Амрико беш аз 80 нафар ҷон бохтаанд. Мақомоти Ню-Йорк мегӯянд, ки шумораи қурбониёни тӯфон дар шаҳр 37 нафар аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, тақрибан 4,5 миллион нафар сокинони 12 аёлат аз нерӯи барқ маҳруманд, бархе аз манотиқи офатзада ба мушкили дарёфти маводи сӯхт мувоҷеҳ шудаанд.

Ширкати муҳосиботии “Экикат” ахиран эълом дошт, ки тӯфони “Сэнди” ба иқтисоди Амрико ба маблағи 50 миллиард доллар хисорот ворид кардааст. Аз ин пештар ҳадс зада мешуд, ки хисорот аз офати табиӣ тақрибан 20-25 миллиард долларро ташкил медиҳад. Бар асари тӯфон дар кишварҳои ҳавзаи Кариб 69 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG