Додситони кулли Тоҷикистон бо назардошти баёноти 33 маҳкумшудаи исфарагӣ хостори баррасии парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев шудааст. Як манбаи мӯътамад аз Додситонии кул, ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон ба Додгоҳи олии кишвар дархост фиристодааст, ки бахши ҷиноии парвандаи Ҷӯраев ба баррасӣ гирифта шавад. Ба қавли онҳо, 33 маҳкушудаи исфарагӣ дар баёноти худ гуфтаанд, ки Низомхон Ҷӯраев сардори гурӯҳи ҷиноии онҳо будааст.
Парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфара дар Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2008 то июни соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифта, айбдоршавандагони парванда ба муддати аз 10 то 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аксари ин маҳкумшудагон дар баёноти худ гуфтаанд, Низомхон Ҷӯраев дар куштори Толиб Бобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар соли 1999 муттаҳамонро сарварӣ мекардааст.
Аммо вакили мудофеи бахши ҷиноятҳои иқтисодии Низомхон Ҷӯраев Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, аз ин дархости Додситонии кул хабар надорад, вале ба қавли ӯ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон додани баёнот ба ин ё он мазмун ба маънои ҳатман гунаҳгор будани айбдоршанванда нест. Ҳоло ин 33 нафар тақрибан таи се ва чаҳор сол мешавад, ки давраи адои ҷазои худро пушти сар мекунанд.
Ба қавли вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова дар ҳоли ҳозир Низомхон Ҷӯраев изҳори омодагӣ дорад, ки тибқи ҷурмҳои иқтисодиаш ҷаримаи мушаххас мешударо ба ҳар навъ пардохт кунад. «Аммо бояд ин санҷишҳо мунсифона сурат бигирад»,-мегӯяд Файзиннисо Воҳидова.