Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон имрӯз боронист


Бар пояи иттилои марказҳои ҳавосанҷӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад, аз 10 то 13 дараҷа гарм мешавад. Осмони шаҳри Хуҷанд ҳам абрист, то 18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам рӯзона каму беш борон меборад, аммо шом ҳаво соф хоҳад шуд, аз 11 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ ҳаво нимаабрӣ ва аз 4 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ баъд аз зӯҳр ҳавои абрӣ ва дар баландкӯҳ резиши борон пешгӯӣ шудааст. Дар баъзе манотиқ ҳарорат то 18 дараҷа боло меравад.
XS
SM
MD
LG