Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова дар фикри таҳияи филм шудааст


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова
Духтари раисиҷумҳури худкомаи Узбакистон Ислом Каримов, бино ба хабарҳо, рӯи филми наве кор мекунад, ки дар он шояд ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардйе нақш бозӣ кунад. Гулнора Каримова то кунун пешаҳои мухталифе, чун дипломат, овозхон ва тарроҳи либосро таҷриба кардааст, ки ба бовари бисёриҳо, мақоми падармуяссараш мегардонад.
Гулнора Каримова мегӯяд, дар ҳоли навиштани филмномае дар бораи ҳаводиси Осиёи Марказӣ дар асри шаш аст. Торнамои olam.uz аз қавли коргардони синамо Акбар Ҳакимов хабар дод, ки интизор меравад, Депардйе нақши роҳиби масеҳиро бозӣ кунад. Як манбаъ аз Сандуқи хайрияи Гулнора Каримова бидуни бурдани ном ба Франс Пресс гуфт, даъвати Депардйе ба филм дар ҳоли музокирот қарор дорад. Худи ситораи синамои Фаронса ҳанӯз дар ин масъала изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG