Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои федеросиюн ҳам қонуни хиёнатро тасвиб кард


Шӯрои федеросиюни Русия қонуни зиддунақизи хиёнатро тасвиб кард. 138 вакили маҷлиси болоии парлумон ба ин тарҳ раъйи мувофиқ дода, танҳо 1 вакил аз раъйдиҳӣ худдорӣ кардааст. Ин қонун акнун барои тасвиби ниҳоӣ ба раисиҷумҳур Владимир Путин меравад. Тарҳи мазкур ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалиро ҳам метавонад фаъолият “алайҳи амнияти Русия” ва “хиёнат ба ватан” бишиносад. Ин қонун ба танқиди мақомоти ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ, назири Афви байналмилалӣ ва Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дучор шуд, ки мегӯянд, табодули иттилоъотро набояд ҷиноят шинохт. Русия ахиран қонунеро тасвиб кард, ки созмонҳои ғайридавлатиро маҷбур мекунад, барои дарёфти кумак аз хориҷ худро ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабти ном кунанд.
XS
SM
MD
LG