Оқои Раҳмон афзоиши худкуширо ба “нокифоя будани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ ва сатҳи пасти фарҳанги оиладорӣ” рабт додааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо раҳбарону фаъолони вилояти Суғд сӯҳбат мекард, аз ҷумла омореро зикр кардааст, ки тибқи он, аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар вилояти Суғд 220 ҳолати худкушӣ сабт шудааст, ки дар аксар ҳолатҳо ҷавонон ба он даст задаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи октябр Раёсати умури дохилии Суғд иттилоъ дода буд, ки дар 8 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд 206 мавриди худкушӣ ва 53 қасди худкушӣ сабт шудааст.
Бино ба омори раёсати умури дохилаи вилоят, дар айни давраи соли қаблӣ дар шимоли Тоҷикистон 85 ҳолати камтари худкушӣ сабт шуда буд. 19 тан аз ин 206 нафаре, ки бо ихтиёри худ тарки зиндагӣ карданд, ноболиғ ва бақия 93 мард ва 94 зан будаанд.
Вилояти Суғд аз лиҳози теъдоди худкушӣ дар Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад. Коршиносон хушунатҳои хонаводагӣ ва вазъи бади иҷтимоиро яке аз омилҳои асосии даст ба худкушӣ задани ҷавонон медонанд.