Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон маҳдуд мешавад


Масъулини тоҷик аз нияти Қазоқистон оиди маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши савдою соҳибкории хурд изҳори нигаронӣ мекунанд. Мақомоти қазоқ ният доранд аз соли оянда фаъолияти муҳоҷиронро дар савдо ва соҳибкории хурд манъ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ аз Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳудуди 100 ҳазор кор мекунанд, ки ҳудуди 70 фоизашон дар бахши тиҷорату соҳибкории хурд фаъоланд. Бисёри меваю хушки сабзавоти Тоҷикистонро шаҳрвандон ба Қазоқистон бурда ба савдо мегузоранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд дар ҳоли ҳозир масъалаи маҳдудиятро бо ниҳодҳои дахлдори қазоқ баррасӣ доранд, то зарари қарори мазкур ба муҳоҷирони тоҷик камтар шавад.
XS
SM
MD
LG