Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Раҳимӣ дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар Афғонистон


Дар Афғонистон бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир сабқати бокси ҳирфаӣ баргузор гардид, ки дар он муштзани афғон Ҳамид Раҳимӣ дастболо шуд. Ӯ дар раунди ҳафтум рақибаш Саид Мбелва аз Танзанияро ба нокаут фиристод.

Баъд аз пирӯзӣ даҳҳо ҳаводорон ба ринг баромаданд то Раҳимиро бо пирӯзияш табрик гӯянд.

Қувваозмоӣ дар хаймаи махсусе баргузор шуд, ки, таври маъмул, барои нишастҳои сарони қабоил истифода мешавад. Ҳамид Раҳимӣ баъд аз қувваозмоӣ гуфт, ки ин сабқати мавсум ба “Муборизаи Афғонистон барои сулҳ”-ро ба хотири муттаҳид сохтани мардуми кишвараш баъд дар даҳсолаҳои ҷанг ташкил кардааст.

Моҳи феврал Ҳамид Раҳимии 29-сола унвони қаҳрамони ҷаҳон дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи ҷаҳонии боксро ба даст овард ва барои ин раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ӯро бо нишони давлатӣ сарфароз гардонд. Ҳамид Раҳимӣ соли 1992, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, ҳамроҳ бо волидайнаш ба Олмон ҳиҷрат кард ва дар он ҷо ба воя расидааст.
XS
SM
MD
LG