Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавосанҷон рӯзи гарму офтобиро пешгӯӣ кардаанд


Ба иттилои марказҳои ҳавосанҷӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд, аз 14 то 21 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Хуҷанд ҳам рӯзи офтобӣ пешгӯӣ шудааст, то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳарорати ҳаво назар ба як рӯзи пеш пойин меравад ва то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар Хоруғ ҳаво софу беғубор, аз 7 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳавосанҷон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ рӯзи офтобӣ ва то 22 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG