Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, ва Кэтрин Эштон, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дар Сараево ва Белград бо раҳбарони Босниву Ҳерсеговина ва Сербия музокирот анҷом доданд. Дар меҳвари гуфтушунид - дурнамои вуруди ин кишварҳо ба Иттиҳодияи Аврупо қарор дошт.
Дар Сараево хонум Клинтон изҳор намуд, ки Вошингтон аз талоши Боснӣ барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО пуштибонӣ мекунад. Ҳамзамон ӯ аз мавқеи ҷудоихоҳонаи раҳбарони Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ интиқод кард.
Дар Белград Ҳилларӣ Клинтон ва Кэтрин Эштон изҳор намуданд, ки вуруди ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо боз эътидоли муносибатҳояш бо Косово рабти мустақим дорад. Белград истиқлоли Косоворо қабул надорад. Хонум Клинтон изҳор намуд, ки барои музокирот бо Приштина эътирофи истиқлоли Косово зарур нест.
Ҳилларӣ Клинтон ва Кэтрин Эштон имрӯз дар Приштина бо мақомоти Косово гуфтушунид мекунанд.