Бар асари як ҳамла дар Доғистони Русия имоми маҳаллӣ Калимуллоҳ Иброҳимов бо бародар ва падараш кушта шудаанд. Афроди мусаллаҳ алайҳи мошини онҳо субҳи имрӯз дар шаҳри Дарбанд оташ кушодаанд. Иброҳимовро имоми худхондае меноманд, ки Исломи бунёдгароро таблиғ мекард. Муфтиёти Доғистон аз вуҷуди чунин имом изҳори беиттилоъӣ кардааст. Аммо сомонаи ҷудоиталабони чечен Иброҳимовро “шаҳид” хонда, навишт, ки ӯ алайҳи “мунофиқон” мубориза мебурд. Хушунатҳо дар ҷумҳуриҳои ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия, ки ҷангиёнаш барои истиқрори низоми исломӣ меҷанганд, ҳарсол даҳҳо кушта ба ҷо мегузорад.