Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав баъзе пешниҳодҳои Душанберо рад кард


Яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе
Яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе

Созишномаи Душанбеву Маскав дар масъалаи бекор шудани боҷи гумрукӣ ба маводи сӯхти Русия бо мушкил рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноат, Маскав бархе аз пешниҳодҳои Тоҷикистонро барои лағви боҷи гумрукӣ қабул накардааст ва ба ин сабаб созишномаи дуҷониба кашол меёбад. Ин дар ҳолест, ки тарафи Тоҷикистон пас аз имзои ёддошти тафоҳум бо Русия дар ин бора ҳамаи асноди заруриро таҳия карда, ба Маскав фиристодааст. Вале ҷониби Русия изҳор доштааст, ки "баъзе аз масъалаҳо"-и пешниҳодии Тоҷикистонро қабул надорад.

"Ҳар гуна асноди давлатӣ марҳилаҳои дохили давлатиро тай мекунад. Мо ин марҳиларо гузаронда, ба онҳо равон намудем. Онҳо ҳоло ҳамин марҳиларо тай карда истодаанд. Масъалаҳое, ки мо равон кардем, онҳо қабул накарда истодаанд. Ҳозир байни онҳо мубоҳиса идома дорад",-гуфт Бек Аҳмадов.

Ин масъули Вазорати энержӣ ва саноат шарҳ надод, ки Русия кадом масъалаҳои Тоҷикистонро қабул намекунад, дар ҳоле ки дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин ба Душанбе дар рӯзҳои 4 ва 5-и моҳи октябр таъкид шуда буд, ки қарордоди байнидавлатӣ барои лағви боҷи гумрукии Русия ба маҳсулоти нафтии содиротии худ ба Тоҷикистон то аввали моҳи ноябр ба имзо хоҳад расид.

Оқил Оқилов
Оқил Оқилов
Аммо кашолёбии имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди аз байн бурдани боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхт ширкатҳои воридкунандаи ин навъи маҳсулотро ба ташвиш овардааст. Ин ширкатҳо бо изҳори нигаронӣ аз "номуайянӣ" дар бозори маҳсулоти нафтии кишвар ба унвони сарвазири Тоҷикистон -- Оқил Оқилов нома навишта, хостори ҳарчи зудтар рӯшан кардани ин масъала шудаанд. Суҳайл Салоҳиддинов, раиси ширкати воридкунандаи фаровардаҳои нафтии "Сомон-логистик" дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин номуайянӣ ширкатҳоро водор мекунад, ки аз хариди маҳсулоти нафтӣ худдорӣ варзанд. Ба қавли Салоҳиддинов, онҳо бо ирсоли ин нома аз сарвазири кишвар хостаанд, ки бо ташкили як гурӯҳи вижаи мутахассисон мушкилоти пешомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба як натиҷа оянд.

"Ҳадафи мактуби мо ин аст, ки то куҷо ҳарфи лағв кардани боҷи гумрукӣ аз ҷониби Русия асос дорад. Бубинед, ҳоло мо маҳсулотро бо боҷи гумрукӣ ворид мекунем. Аз ин хотир, ширкатҳо ҳозир як каме истиҳола мекунанд ва майл надоранд, ки борро бо боҷи гумрукӣ ворид намоянд. Чун намедонанд, ки дар оянда чи мешавад. Мақсади дуюми мо аз ин нома он аст, ки давлат он квотаеро, ки Русия ҷудо мекунад, тавре истифода кунад, ки як ширкати алоҳида зиёдтар нагирад, балки ҳамаи ширкатҳо баробар бигиранд",-гуфт раҳбари ширкати Сомон логистик.

Ҳамзамон бо ин, ҷаноби Салоҳиддинов пешниҳод мекунад, ки Тоҷикистон дар қарордод дарҷ кунад, ки ҳеҷ яке аз ширкатҳо наметавонанд, назорати бештар аз 50 дарсади бозори маҳсулоти нафтӣ дар кишварро дар даст дошта бошад. Зеро дар акси ҳол рақобати носолим ба вуҷуд омада, як ширкат ҳамеша метавонад, нархро ба таври худ муайян намояд.

Бо ин ҳол, Бек Аҳмадов, сардори Идораи фаровардаҳои нафтии Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, қарор аст як ҳайати ҷониби Русия ба манзури ниҳоӣ кардани мавқеъҳои ҳарду кишвар роҷеъ ба созишномаи лағви боҷи гумрукӣ барои фаровардаҳои нафтии Русия ба Душанбе ояд. Ӯ гуфт, умедвор аст ҷонибҳо ба тавофуқ расанд, вале дар мавриди замони имзои созишнома роҳбарони вазоратҳои ҳарду кишвар тасмим хоҳанд гирифт.

Русия аз соли 2010 ба ин сӯ барои содироти фаровардаҳои нафтии худ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Дар ин миён ҳукумати Қирғизистон бо Русия ин масъаларо ҳал кард, аммо Тоҷикистон то ҳоло барои ҳар тонна аз маводи сӯхт аз 340 то 390 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мекунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG