Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши "Корвон" ҳамоно идома дорад


Ҳудуди 200 дӯкони либосфурӯшии бозори «Корвон» мавриди таҳқиқи як комиссияи вижаи ҳукуматӣ қарор гирифтаанд. Як дӯкондори ин бозор, ки худро Ҳомид Ёров муаррифӣ кард, ба радиои «Озодӣ» гуфт, шурӯъ аз субҳи имрӯз, 30 октябр дари мобайнии растаи либосфурӯшӣ баста аст ва хадамоти муҳофизати бозор намегузоранд, ки соҳибдӯконҳо вориди бозор шаванд. Муҳофизон ба дӯкондорон гуфтаанд, ки як комиссияи вижа ба хотири ошноӣ бо вазъи омодагӣ ба хомӯш кардани сӯхтор омада, ҳоло бозорро таҳқиқ мекунад. Аммо он чӣ муҷиби нигаронии дӯкондорон шудааст, ин аст, ки растаи либосфурӯшӣ воқеан ба сӯхторхомӯшкунӣ омода нест ва мақомот дӯконҳои онҳоро тахриб хоҳанд кард. Тафтиши қисмати чаканафурӯшии бозори «Корвон» дар ҳолест, ки рӯзи 5-уми сентябр бар асари сӯхтор дар гӯшаи яклухтфурушии он 8 ҳазор метри мураббаъ ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, садҳо ҳазор доллар аз сармояи худро дар ин фалокат аз даст доданд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чаҳор тани дигар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Бонки Миллӣ ва ташкилоти қарзӣ муҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкорро тамдид кардаанд. Инчунин, маъмурияти бозори “Корвон” 2550 адад нуқтаи савдоро барқарор карда ва ба соҳибкорон супурдааст.
XS
SM
MD
LG