Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз нақзи оташбас дар Сурия муттаассиф аст


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ--фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия мегӯяд, ки вазъ дар Сурия “дар ҳоли бад шудан аст”. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Маскав изҳор дошт.

Ахзар Иброҳимӣ пешниҳод карда буд, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон дар саросари Сурия оташбас риоят шавад, вале он ба таври комил иҷро нашуд.

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ низ имрӯз дар ҳамоише дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар бораи нақзи оташбаси Сурия чунин изҳор дошт:

“Ман хеле нороҳат шудам, ки тарафҳо даъват ба оташбасро эҳтиром накарданд. Ин бӯҳрон наметавонад бо аслиҳаи бештару хунрезӣ ҳал шавад. Ман бори дигар аз ҷонибҳо даъват мекунам, ки ба даргиӣ фавран хотима диҳанд”.

Нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён, ки бар зидди ҳукумати президент Башор Асад меҷанганд, якдигарро дар риоят накардани оташбас муттаҳам мекунанд.

Фаъолон мегӯянд, дар рӯзҳои Иди Қурбон дар Сурия садҳо нафар дар даргириҳо кушта шудаанд.

Ҳамчунин рӯзи душанбе телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки дар инфиҷори мошини бамгузоришуда 10 нафар дар шаҳри Димишқ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG