Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба ҳамлаи "Сэнди" омодагӣ мегирад


Мардум қабл аз ҳамлаи "Сэнди" ба таври кофӣ озуқа харидорӣ мекунанд
Мардум қабл аз ҳамлаи "Сэнди" ба таври кофӣ озуқа харидорӣ мекунанд
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба сокинони кишвар аз хатари тӯфони “Сэнди” ҳушдор дод ва аз онҳо хост, ки ба тавсияҳои мақомоти маҳаллӣ ва хадамоти фавриву наҷотбахшӣ гӯш диҳанд. Рӯзи якшанбе Обама ва рақибаш ба мақоми президентӣ Митт Ромнӣ эълом доштанд, ки бар асари ба соҳилҳои шарқии ИМА наздик омадани тӯфони “Сэнди” аз баргузории баъзе маъракаҳои таблиғотии рӯзҳои наздик даст кашидаанд.

Майкл Блумберг, мири Ню-Йорк, дар бораи аз мавзеъҳои хатарбор ба ҷойҳои амн интиқол додани 375 ҳазор нафар амр содир кард. Дар шаҳр ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ карда мешавад.

Интизор меравад, тӯфони “Сэндӣ”, ки бар асари он аллакай даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд, рӯзи сешанбе то соҳилҳои шарқии Амрико расад. Дар ҳафт аёлат ва минтақаи федеролии Колумбия вазъи изтирорӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG