Рӯзномаи маъруфи амрикоии The New York Times дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ аз раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама ҷонибдорӣ кард. Дар як матлаби нашрия аз дастовардҳои ҳукумати феълӣ дар рушди иқтисод ва сиёсати беруна ситоиш шудааст. Рӯзнома ислоҳот дар бахши бимаи тиббиро ҳам “гоми дуруст” арзёбӣ намудааст. Ҳамзамон The New York Times аз Митт Ромнӣ, рақиби Обама, интиқод кардааст.
Нашрияи бонуфуз аз солҳои 60-ум ба ин сӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз номзади ҳизби демократ пуштибонӣ мекунад. Назарпурсиҳои ахири афкори умум ҳокиянд, ки миёни ду номзад муборизаи шадид идома дорад, Обама алҳол дар аёлоти калидӣ пешсаф аст.
Рӯзи якшанбе номзадҳо ба мақоми президентӣ эълом доштанд, ки бар асари ба соҳилҳои шарқии ИМА наздик омадани тӯфони “Сэнди” аз баргузории баъзе маъракаҳои таблиғотии рӯзҳои наздик даст кашидаанд.
Интихоботи президентии ИМА рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад.