Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалкарди нодири Вен Ҷибао, нахуствазири Чин


Як рӯзномаи Ҳонк Гонк номаи камназири вакилони дифоъи Вен Ҷибао нахуствазири Чинро нашр кардааст, ки дар он иддаъоҳо доир ба сарвати зиёд андӯхтани хонаводаи Вен Ҷибао рад шудааст. Чанде пеш дар рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" дар мақолае иддаъо кардаанд, ки баъди ба қудрат расидани Вен Ҷибао, аҳли хонаводаи ӯ миллиардҳо доллар сарват андӯхтааст. Ба навиштаи "Ню Йорк Таймс" амволу сарвате, ки ҳамсару писар модар ва дигар хешу ақрабои Вен Ҷибао доранд, тақрибан 2 миллиарду 700 миллион доллар арзиш дорад. Мақомоти Чин ба матбуоти ғарбӣ аҳёнан посух медиҳанд, вале дар номае рӯзномаи "South China Morning Post" нашр кардааст, вакилони Вен Ҷибао гуфтаанд, ки мақолаи "Ню Йорк Таймс" ба хотири бандном кардани Вен Ҷибао буда ва дар хонаводаи ӯ “сарватмандони пинҳон” вуҷуд надоранд. Вакилони нахуствазири Чин гуфтаанд, ки ҳақ доранд, "Ню Йорк Таймс"-ро ба додгоҳ кашанд.
XS
SM
MD
LG