Як мақоми Созмони Милали Муттаҳид рӯзи якшанбе гуфт, хушунатҳои мазҳабӣ 22 ҳазор нафарро дар ғарби Мянмар беҷо кардаанд. Ба гуфтаи Ашок Нигам, ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Мянмар, мардуми беҷошуда дар урдӯгоҳҳое паноҳ ёфтаанд, ки қаблан аз ин ҳамин гуна беҷошудагон пур шудаанд. Аксари фирориён мусулмонони аёлати Рахин будаанд, ки миёни онҳову бутпарастони Мянмар низоъ сар мезанад. Ҳукумати Мянмар мегуяд, дар муноқишаи байни пайравони ду мазҳаб дар аёлати Рахин ҳафтаи гузашта 67 нафар кушта ва 95 тани дигар захмӣ шудаанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи шанбе гуфт, теъдоди қурбониёни ин ҳодисаҳо дар воқеъ бештар аст.