Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбномаи расмӣ ба Сергей Удалтсов


Удалтсов қабл аз вуруд ба Кумитаи тафтишот
Удалтсов қабл аз вуруд ба Кумитаи тафтишот
Раҳбари Ҷабҳаи чапи Русия Сергей Удалтсовро рӯзи ҷумъа расман ба қасди ташкили ошӯбҳо алайҳи давлати Владимир Путин айбдор карданд. Владимир Маркин - сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, Удалтсов дар ҷараёни бозпурсӣ ин иттиҳомро радд кардааст. Удалтсов қабл аз вуруд ба Кумитаи тафтишот низ бори дигар гуфт, ки гуноҳе надорад ва аз ин рӯ бо сари баланд ба ин бозпурсӣ меравад. Алайҳи Удалтсов ва ду фаъоли дигари мухолифин - Константин Лебедев ва Леонид Развозжаев - баъд аз нашри филми мустанади “Анатомияи эътироз-2” Дар шабакаи НТВ парванда боз карданд. Дар он филм иддао мешуд, ки мухолифин аз мақомоти Гурҷистон барои ташкили ошӯбҳо пул мегиранд. Развозжаев ва Лебедев алакай боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG