Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсменҳо ҳуқуқи муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд


Рӯзҳои 30-31 октябр дар шаҳри Душанбе конфронси Омбудсменҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баршузор мешавад. Дар он “Роҳҳои муассири ҳимояти ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия” баррасӣ мешавад.

Дар ин бора дафтари Омбудсмени Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Ин конфронсро дафтари Омбудсмени Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии “Маркази ҳуқуқи башар” ташкил кардаанд ва сармоягузории онро Барномаи ҳуқуқи башари Шветсария бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон роҳҳои ҳимояти ҳуқуқии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ва аъзои хонаводаҳои онҳоро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG