Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА аз қонуни Русия дар бораи хиёнат изҳори нигаронӣ кард


Кетрин Эштон
Кетрин Эштон
Иттиҳодияи Аврупо аз пешнависи қонуни Русия дар бораи хиёнат ба Ватан изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ёддошти матбуотие, ки дафтари Кэтрин Этон-раиси сёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки “мафҳуми умумии хиёнат ба Ватан дар қонуни мазкур имконият медиҳад, ки ин қонунро интихобан бар зидди ҳар кас истифода кунанд ва ононеро, ки бо хориҷиён иртибот мегиранд, то ба 20 сол ба зиндон андозанд”.

Дар ёддошти матбуотии Кэтрин Эштон омадааст, “ин қонун фазову муҳитро барои ҷомеаи шаҳрвандӣ тангу маҳдуд мекунад ва дастгоҳи тарсдиҳандаи давлатиро қаввитар месозад”.

Мудофеони ҳуқуқи башари Русия низ аз ин қонун пештар изҳори нигаронии амиқ карда буданд.

Қонун баъд аз тасвиб дар Шӯрои Федератсия ва имзои В.Путин эътибор пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG