Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулов: Дар Иди Қурбон барқ дар Тоҷикистон қатъ намешавад


Ширкати “Барқи Тоҷик” дар рӯзи Иди Қурбон неруи барқро дар шаҳрҳову навоҳии Тоҷикистон қатъ намекунад.

Рашид Гулов-муовини сармуҳандиси "Барқи тоҷик" 25 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар Иди Қурбон ширкати "Барқи тоҷик" тасмим гирифтааст аз шоми рӯзи панҷшанбе то поёни рузи ҷумъаи 26 октябр барқро дар сартосари кишвар хомӯш накунад.

"Барқи тоҷик" аз 8-уми октябр бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар деҳоти кишвар маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG