Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвили нахуствазири Гурҷистон интихоб шуд


Нишасти нахустини ҳукумати нави Гурҷистон
Нишасти нахустини ҳукумати нави Гурҷистон
Парлумони Гурҷистон ҳукумати навро дар садри Бидзина Иванишвилӣ тасдиқ кард. Аз ҳайати нави кобинаи вазирон 88 вакили парлумон ҷонибдорӣ карданд, 54 нафар муқобили он раъй доданд. Вакилон барномаи ҳукуматии “Барои Гурҷистони неруманди демокративу муттаҳид”-ро низ пазируфтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе миллиардер Бидзина Иванишвили, раиси Эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, гуфт, ки баъд аз якуним сол сиёсатро тарк мекунад, аммо ба иҷрои ваъдаҳои пешазинтихоботяш содиқ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG