Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ША СММ аз ҷонибҳои Сурия хостори оташбас шуд


Шӯрои Амнияти СММ аз ҳукумати Сурия ва гурӯҳҳои шӯришӣ хост, ки пешниҳоди оташбаси чаҳоррӯзаро бипазиранд. Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб ба ҳар ду ҷониб пешниҳод кард, ки дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят кунанд. Иди Қурбон рӯзи ҷумъа оғоз мешавад.

Шӯрои Амният дар гузаштаҳо роҷеъ ба Сурия ихтилофи назар дошт, вале дирӯз роҷеъ ба оташбас ҳамаи 15 узви ин шӯро ваҳдати назар доштанд.

Ҳукумати Сурия то ҳол эълон накардааст, ки ин оташбасро риоят хоҳад кард ё хайр. Вале баъзе аз гурӯҳҳои шӯришӣ ин оташбасро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG