Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд сафари наққошро ба хориҷ мамнуъ карданд


Мақомоти интизомии Узбакистон гуфтаанд, ки Вячеслав Охунов-наққоши маъруфи ин кишвар ҳақ надорад ба хориҷ сафар кунад ва ё аз минтақаи зисти худ дар дар Тошканд берун равад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ин наққош Гулнора Каримова-духтари калонии Ислом Каримовро дар осори наққошии худ дар шакли маймун тасвир кардааст.

Аз Нодир Зиёев-як мақоми ҳукуматӣ пурсидаанд, ки чаро дар сафарҳои Охунов маҳдудият ҷорӣ шудааст? Вай дар посух гуфтааст, гоҳо ин кор ба хотири он сурат мегирад, ки асрори давлатиро фош накунанд. Аммо нагуфтааст, ки Охунов кадом сирри давлатиро метавонад ошкор кунад.

Охунов соли 1948 дар шаҳри ӯши Қирғизистон ба дунё омадааст. Вай яке аз аз норозиёни сиӣёсии дар давраи Шӯравӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG